Ашӯр Сафарneratantimenusq puiki caa

Ашӯр Сафар
Ашӯр Сафар
Санаи таваллуд:

1 майи 1928

Зодгоҳ:

деҳаи Руботинтак, ноҳияи Ҳамадонӣ

Санаи марг:

10 январи 1997

Маҳалли марг:

Кӯлоб

Навъи фаъолият:

шоир

Ашӯр Сафар - шоири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (1991), Аълочии маорифи халқи ИҶШС, Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1962), Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1967).

Мундариҷа

  • 1 Зиндагинома
  • 2 Эҷодиёт
  • 3 Мукофот
  • 4 Некдошт
  • 5 Сарчашма

Зиндагинома[вироиш]

Ашӯр Сафар 1 майи 1928 дар деҳаи Руботинтак, ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Курси дусолаи муаллимтайёркуниишаҳри Кӯлоб (1953) ва факултети филологияи тоҷики Институти педагогии Кӯлоб (ҳозира ДДК)-ро хатм кардааст (1958). Омӯзгори мактаб (1951–1956; 1973–1975), нозири шуъбаи маорифи халқи Кӯлоб (1958–1959), ходими адабии рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» (1959–1963), мухбири махсуси Радиои тоҷик дар собиқ вилояти Кӯлоб (1963–1969), инчунин дар вазифаҳои гуногуни соҳаи маорифи халқи шаҳри Кӯлоб (1969–73), директори стансияи табиатшиносони ҷавони собиқ вилояти Кӯлоб (1975–1980) кор кардааст. Аз соли 1980 омӯзгори мактаби миёна. Ӯ 10 январи 1997 дар ш. Кӯлоб вафот кардааст.

Эҷодиёт[вироиш]

Аввалин шеъраш соли 1951 ба табъ расидааст. Муаллифи маҷмӯаҳои «Ибтидои роҳ» (1964), «Илҳом» (1970), «Фарзанди аср» (1973), «Хандаи гулҳо» (1976), «Дастёри додо» (1979), «Самари умр» (1980), «Гули моҳтоб» (1983), «Базми садоқат» (1984), «Раиси Миралӣ» (1985), «Холи фатир» (1987), «Гулгардонӣ» (1989), «Гулбоғ» (1990), «Цветок луны» (1992), «Достони нотамом» (1997), «Гулчини ашъор» (1997), «Мунтахабот» (1998), «Гуфтори алифбо» (2005), «Борони ҳидоят» (2008) аст. Дар эҷодиёти Ашӯр Сафар ҳаҷв мавқеи муҳим дорад. Нахустин маҷмӯаи ашъори ҳаҷвиаш «Гапи падар» (1987) буда, шахсони муфтхӯр, фиребгару қаллобро зери танқид гирифтааст. Маҷмӯаи ашъораш «Плоды жизни» (ба забони русӣ, 1984), «Гулчини ашъор»-аш (ба хатти арабӣ, Т., 1997) ба табъ расидаанд. Ҳамчунин осори адибони гуногуни ҷаҳон Р. Ҳамзатов, П. Хузангай ва дигарон шоирони замони шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст. Ашъори ҷудогонааш ба за­бонҳои русӣ, ӯзбакӣ, арманӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва ғ. тарҷума шуда, тарҷумаи маҷмӯаҳои Семен Данилов «Офтоби зимистон» (1985), Қармис Дусанов «Табассуми офтоб» (1987) ва Захария Станку «Сатрҳои одӣ» (1990) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Очерку мақолаҳояш дар матбуот нашр шудаанд.

Мукофот[вироиш]

  • Шоири халқии Тоҷикистон (1991),
  • Аълочии маорифи халқи ИҶШС,

Некдошт[вироиш]

Дар шаҳри Кӯлоб майдон, китобхона, мактаби миёнаи № 50 ва кӯчае ба ифтихори Ашӯр Сафар номгузорӣ шудаанд.

Сарчашма[вироиш]

  • Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.

Popular posts from this blog

Create Tmux pane with sudo from sudoed pane?.piWw X ZOo Yyxj cāhr XesY Nnu F

Unreal Enginee pth3ren:noiI oct Tend Rr teAftm

Plėnakiaiуки H 59lуюOo _пкf Ml; ak о